• Home »
  • ХАБАР »
  • Милитсияи пойтахт дар семоҳаи аввал ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид
Милитсияи пойтахт дар семоҳаи аввал ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид

Милитсияи пойтахт дар семоҳаи аввал ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид

  Дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти семоҳаи авали соли 2018 таҳти роҳбарии сардори Раёсат генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон баргузор гардид. Дар машварати оперативӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Раёсат ва Шуъбаҳои Вазорат дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.


  Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти ҳар як Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ҷузъу томҳои он вобаста ба самтҳо ва ӯҳдадориҳои хизматӣ, иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату ҳукумат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва қарору протоколҳои ҷаласаҳои оперативӣ-хизматии назди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсияи Раҳимзода Рамазон Ҳамро, натиҷа ва рафти чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи амалиёти профилактикиии «Одоби шаҳрнишинӣ», инчунин вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баррасӣ ва натиҷагирӣ карда шуд.


  Бояд тазаккур дод, ки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияти оперативӣ-хизматии худро ҷиҳати таъмини иҷроиши боъэътимоди дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботу фармонҳои роҳбарияти ВКД ба роҳ монда, дар ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти мамлакат, шаҳри Душанбе нақши калидӣ дорад.
  Зимни баргузории ҷаласа қайд карда шуд, ки дар ин давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, пешгирӣ аз амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ва шумораи зиёди ҷиноятҳо ба қайд гирифта шуда, ба таври фаврӣ ошкор карда шудаанд. Метавон гуфт, ки бо ошкору дастгир шудани нафарони ҷинояткор, хавфи онҳо бартараф карда шуда, амнияту бехатарии шаҳрвандони шаҳри Душанбе таъмин карда шуданд.


  Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар ҳамаи самтҳои фаъолияти оперативӣ-хизматӣ милитсияи пойтахт ба натиҷаҳои назарраси хизматӣ ноил гардида, фоизи ошкорёбии ҷиноятҳо низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баланд гардидааст.
  Ҳамзамон дар ҷараёни баргузории ҷаласаи мазкур баҳри боз ҳам дар сатҳи зарурӣ анҷом додани ӯҳдадориҳои хизматӣ, пешгирӣ аз ҳамагуна амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ ва ҳамзамон ободу зебо нигоҳ доштани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ба сардорони ҷузъу томҳо аз ҷониби сардори Раёсат як қатор дастуру супоришҳо дода шуда, қарорҳои мушаххас ва нақша-чорабиниҳо барои семоҳаи дуюм қабул карда шуданд.

  Дар анҷоми машварати оперативӣ-хизматӣ сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар таъкид намуд, ки таъмини тартиботу осоиштаҳолии шаҳрвандон ба дӯши кормандони милитсия вогузор гардида, аз ҳар як корманд баҳри иҷрои ин рисолати бузург, масъулият ва фаъолияти шабонарӯзӣ талаб карда мешавад, то сулҳу суббот, тинҷию оромӣ ва амнияти шаҳрвандону сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ таъмин карда шавад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin