Роҳзанӣ бо таҳдиди корд

Роҳзанӣ бо таҳдиди корд

  Ба кормандони милитсия шаҳрванд Наҷмиддинов Зафар Суҳробович соли таваллудаш 1977 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе бо аризаи шикоятӣ дар он хусус муроҷиат намудааст, ки нисбати шахси ношиносе, ки санаи 28-уми марти соли равон ҳангоми дар кӯчаи Сино қарор доштанаш бо корд ӯро таҳдид намуда, автомашинаашро, ки ҳамчун мусофиркаш дар «Рахш-такси» фаъолият дорад, ба самти номаълум ҳай карда бурдааст, чораҳои қонунӣ андешида шавад.


  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ шаҳрванд Раҷабов Фирдавс Қурбоналиевич соли таваллудаш 27.03.1999 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Дӯстиро дастгир намуданд.
  Баъд аз дастгир гардидани гумонбаршаванда автомашинаи тамғаи «Тайота -Каролла», рақамҳои қайди давлатияш 4644тт05, ки ба шаҳрванд Наҷмиддинов Зафар тааллуқ дорад ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуд.


  Айни замон гумонбаршуда Раҷабов Фирдавс дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 249 (Роҳзанӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишиот дар ин самт идома дорад.
  Аз ин рӯ, Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки агар аз ҷониби шаҳрванди болозиркгардида ҳуқуқу манифатҳояшон поймол гардида бошад, метавонанд ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе маълумот диҳанд.

Суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Почтаи электронӣ: rvkddushanbe@mail.ru,
Телефони боварии Раёсат: (+99237) 221-15-00
(+99237) 221-15-42

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin