• Home »
  • ХАБАР »
  • Рейди шабона дар интернет-кафеҳо ва марказҳои дилхушӣ
Рейди шабона дар интернет-кафеҳо ва марказҳои дилхушӣ

Рейди шабона дар интернет-кафеҳо ва марказҳои дилхушӣ

   Бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва оворагардию шабгардии ноболиғону ҷавонон дар ҳудуди пойтахт кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста рейду санҷишҳо доир менамоянд. Аз ҷумла шабонарӯзи гузашта, мувофиқи Нақша-чорабиниҳои пешгирикунандаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6-уми июни соли 2017 «Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона» амалиёти муштарак дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт баргузор намуданд.

   Санҷиши мазкур бори дигар собит кард, ки то ҳанӯз шабгардӣ ва беназоратии наврасону ҷавонон баъзе аз падару модаронро ба ташвиш нагузоштааст. Чунин бепарвоӣ ва беэътиноии баъзе аз волидон аст, ки фарзандони онҳо ба муноқишаҳои гуруҳӣ ва дигар шаклҳои ҷиноят даст зада, ҷомеаро ба ташвиш мегузоранд.
   Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи баргузории санҷиш дар интернет-кафе воқеъ дар кучаи Шамсӣ, маркази дилхушии «Пойтахт» ва тарабхонаи «Ҷавонон» воқеъ дар кучаи А. Ҷомӣ муайян карда шуд, ки ноболиғону ҷавонони зиёде вақти пурқиммати худро ба амалҳои ғайриахлоқӣ сипарӣ кардаистодаанд. Аз ҷумла 7-нафар ноболиғоне, ки дар бевақтии шаб машғули бозиҳои компютерӣ буданд, ба шуъбаи милитсия дастрас карда шуданд.
    Дар рафти санҷиш нисбати соҳибони марказҳои компютерӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ноболиғону ҷавононе, ки дар торикии шаб беназорат машғули ҳаргуна амалҳои номатлуб буданд, падару модари онҳо ба мақомоти милитсия даъват шуда, нисбати онҳо тибқи талаботи моддаи 90-и Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шуданд.


   Қайд кардан зарур аст, ки истифодаи ҳаргуна бозӣ ва филмҳои хусусияти зуроваридошта ва аз меъёрҳои ахлоқӣ берун мутаассифона имрӯз барои баъзе ноболиғону ҷавонон ҳамчун шавқу шуғли асосӣ ҳисоб меёбанд. Чунин бозиҳо ба рӯҳу равони инсон махсусан ноболиғон, ки ҳанӯз инкишоф наёфтаанд таъсири манфӣ расонида, оқибат онҳоро ба содирнамоии ҳаргуна амалҳои зиддиҷамъиятӣ водор месозад.
    Аз ин рӯ аз падару модарон ва он нафароне, ки дар таълиму тарбияи ин насли ояндасоз масъуланд, талаб карда мешавад, ки нисбати ояндаи ноболиғону ҷавонон бетараф набуда, онҳоро ба омӯзиши илму дониш тарғиб ва ҷалб намоянд. Зеро маҳз ҷавонони бо илму маърифат метавонанд, дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.

Сироҷиддин Шукуров

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin