• Home »
  • ХАБАР »
  • Иқдоми навбатӣ дар самти пешгирии ҷинояткорӣ: ҳар як корманди милитсия ба муассисаҳои таълимӣ вобаста шуданд
Иқдоми навбатӣ дар самти пешгирии ҷинояткорӣ: ҳар як корманди милитсия ба муассисаҳои таълимӣ вобаста шуданд

Иқдоми навбатӣ дар самти пешгирии ҷинояткорӣ: ҳар як корманди милитсия ба муассисаҳои таълимӣ вобаста шуданд

   Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳо ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 1 феврали соли ҷорӣ “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ҳар як корманди ҳайати миёна ва калони роҳбарикунандаи Дастгоҳи марказии Раёсат ва Шуъбаҳои Вазорат дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи махсус ва олии дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷойгирбуда вобаста карда шуданд.

  Ташаббуси мазкур иқдоми навбатии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҳолатҳои бо мошинҳои шахсӣ, телефонҳои мобилӣ ва бо сару либоси ғайритавсиявӣ ҳозир шудани хонандагону донишҷуён ва ташкили назорати доимӣ дар муассисаҳои таълимӣ буда, бо назардошти талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодиҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи маориф” ва Фармоишоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба баъзе масъалаҳои ба танзим даровардани  раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ” роҳандозӣ гардидаааст.   Яке аз ҳадафҳои дигар ва муҳими роҳандозии иқдоми мазкур ин пешгирии авбошиҳои гурӯҳӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошад. Зеро аз таҳлилу омӯзишҳо бармеояд, ки давоми соли 2017 бо иштироки мактаббачагон 4 ҷинояти авбошии гурӯҳӣ содир гардид, ки дар натиҷа 2 нафар ҳалок ва 4 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

   Аз ин лиҳоз бо мақсади пешгирӣ намудани содиршавии муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон, махсусан авбошиҳои гурӯҳӣ бо истифода аз силоҳи сард ва муайяннамоии сабабу шароитҳои ба ҷинояткорӣ мусоидкунанда дар бораи вобастанамоии кормандони милитсия ба муассиҳаои таълимии шаҳри Душанбе Фармони махсуси сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон таҳти №51 аз 23.02.2018 ба тасвиб расид.

  Дар асоси банди 2-и Фармони мазкур кормандоне, ки ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ,  миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе вобаста гардиданд,  робитаю ҳамкории зичро бо маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мемонанд.

  Илова бар ин дар асоси талаботи банди 3-и Фармон барои пешгирии муноқишаю авбошиҳои гурӯҳӣ кормандони ба муассисаҳои таълимӣ вобасташуда шахсан масъул буда, дар сурати рух додани чунин ҳодисаҳои номатлуб нисбати кормандони вобастагардида санҷишҳои хизматӣ гузаронида шуда, ҷазоҳои сахти интизомӣ татбиқ карда мешавад.

  Назорати иҷроиши Фармони зикргардида ба зиммаи муовинони сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вогузор карда шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin