Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ майян гаштанд

Ҳафтаи равон дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин воҳиди тафтишотӣ» ва «Беҳтарин мафаттиш»-и мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 баргузор гардид. Дар озмуни мазкур муфаттишони тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ ширкат варзида, ҳар яке малакаи баландӣ касбӣ нишон доданд, аммо ғолиб танҳо бояд як нафар бошад ва ниҳоят ғолиби озмун муайян гардид.

«Беҳтарин воҳиди тафтишотӣ»-и мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 шуъбачаи тафтишотии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҳисор дониста шуд. Ба шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар н. Ҳисор бошад, нишони «Беҳтарин воҳиди тафтишотӣ» ва ба сардори шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар н. Ҳисор майори милитсия Исматов Фаридун Сафаралиевич нишони сарисинагии «Барои хизматҳои аъло дар Вазорати корҳои дохилӣ» дар шароити тантанавӣ спорида шуд.

Ғолибият дар озмуни дигар, яъне «Беҳтарин мафаттиш»-и мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 бошад, насиби муфаттиши калони шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе лейтенанти калони милитсия Надимов Умедҷон Раҳматуллоевич гардид. Ба муфаттиши калони шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе лейтенанти калони милитсия Надимов Умедҷон бошад, нишони «Баҳтарин муфаттиш» ва нишони сарисинагии «Барои хизматҳои аъло дар Вазорати корҳои дохилӣ» супорида шуд. Аз ҷумла дар рафти баргузории озмуни мазкур роҳбарияти Вазорат қайд намуданд, ки «гузаронидани чунин озмунҳо метавонад дар такмил ёфтани савияи дониши назариявии кормандони бахши тафтишотӣ мусоидат намояд».

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin