Садамаи нақлиётӣ бо иштироки ноболиғ

Санаи 8-уми декабри соли 2014 тахминан соати 15:30 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Сиело», рақами қайди давлатиаш «69-09 АЕ 08», ки ба шаҳрванд Партобов Ҷамшедҷон, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, деҳаи Ҷангаобод-1 тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Неъмат Қарабоев дар назди бинои №136-и кӯчаи мазкур пиёдагарди ноболиғ Содиқова Фирӯза Раҷабмаҳмадовна, соли таваллудаш 2008, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев 152 «Б»-ро аз пой зада меафтонад, ки дар натиҷа номбурда зарари ҷисмонӣ бардошта, дар Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон бистарӣ карда мешавад. Айни замон нисбати ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin