Садамаи марговар дар шаҳри Душанбе

Санаи 6-уми декабри соли равон тахминан соати 04:30 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес», бе рақами қайди давлатӣ ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Шевченко аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷӯйбор ва дарахти канори рости роҳ бархӯрда, чаппа мешавад, ки дар натиҷа мусофирони ин нақлиёт шаҳрвандон Мамадмуродова Фирӯза Абдулазизовна, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Қаҳҳоров 17, Ризоева Нигина Фазлиддиновна, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ 108/1 ва Холназаров Комил Қличович, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Б.Ғафуров гузаргоҳи 2 хонаи №23 бо бардоштани зарари ҷисмонии вазнин ҳангоми интиқол ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат мерасанд. Аммо баъди интиқол додани мусофирон ронандаи автомашинаи дар боло зикршуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад. Дар натиҷаи гузаронидани якқатор корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ аз љониби кормандони Шуъбаи бозрасии автомобили Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ш. Душанбе бо изи гарм ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Шарипов Фарҳод, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, ки баъди рух додани садамаи марговар аз ҷои ҳодиса ғайб зада буд, санаи 7-уми декабри соли 2014 дастгир карда шуд. Айни замон нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin