• Home »
  • ХАБАР »
  • Вохӯрии Сардори РВКД дар шаҳри Душанбе бо собиқадорон

Вохӯрии Сардори РВКД дар шаҳри Душанбе бо собиқадорон

Ҳафати равон Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҷурахонзода Саид Қаюм бо нафақахӯрон ва собиқадорони Раёсат вохӯрӣ доир намуд, ки дар вохӯрии мазкур сардори собиқадорони Раёсат доир ба корҳои ба анҷом расида ва бурдубохти самти мазкур дар соли 2014 ба нафақахӯрон ва собиқадорон ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд. Аз ҳисоботи сардори собиқадорони РВКД дар ш. Душанбе бар меояд, ки нисбат ба солҳои пешин, соли 2014 маблағгузорӣ дар ин самт бештар гардида, нафақахӯрон ва собиқадорони Раёсат, ки дар ҳудуди ш. Душанбе зиндагӣ мекунанд зина ба зина дар рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ бо мукофотҳои пуливу молӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Ва дар соли 2015 ин анъана боз ҳам вусъати тоза пайдо намуда, маблағгузории самти мазкур, ки мақомотро бо собиқадорон ва нафақахӯронаш наздик месозад, афзоиш хоҳад ёфт.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin