Авбошони ноболиғ

Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як гуруҳ ноболиғон бо ҷурми содир намудани ҷинояти авбошӣ ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд. Инҳо Ҳалимов Шорух, соли таваллудаш 2000-ум, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, хонандаи синфи 8-уми Мактаби таҳсилоти умумии №60, Ҳалимов Шорух, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, хонандаи синфи 11-и Мактаби таҳсилоти умумии №60, Каримов Абдулло, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, хонандаи синфи 11-и Мактаби таҳсилоти умумии №94, Раҳмонов Давлатёр, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, хонандаи синфи 11-и Мактаби таҳсилоти умумии №60, Калонов Аслиддин, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, Ғафуров Азиз, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, хонандаи синфи 11-и Мактаби таҳсилоти умумии №79, Абдуллоев Шаҳриёр, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, хонандаи синфи 11-и Мактаби таҳсилоти умумии №60, Рабиев Усмон, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, Лоиқов Икром, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, хонандаи синфи 9-уми Мактаби таҳсилоти умумии №60 мебошанд, ки санаи 5-уми декабри соли 2014 тахминан соати 17:30 дақиқа дар назди Варзишгоҳи марказӣ воқеъ дар кӯчаи Низомии Ганҷавии пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ноболиғ Раҳимов Шуҳрат, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, хонандаи синфи 11-и Мактаби таҳсилоти умумии №90-и ш. Душанберо мавриди лату кӯби шадид қарор додаанд ва ноболиғ Лоиқов Икром, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, хонандаи синфи 9-уми Мактаби таҳсилоти умумии №60 бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба шикам ва дасти ноболиғ Раҳимов Ш. мезанад, ки дар натиҷа номбурда бо бардоштани зарари ҷисмонӣ ба Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешавад. Тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin