• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти фаврӣ: кӯдаки дуздидашуда дарёфт ва ҷавонзани 29 сола барои одамрабоӣ дастгир гардид!
Боздошти фаврӣ: кӯдаки дуздидашуда дарёфт ва ҷавонзани 29 сола барои одамрабоӣ дастгир гардид!

Боздошти фаврӣ: кӯдаки дуздидашуда дарёфт ва ҷавонзани 29 сола барои одамрабоӣ дастгир гардид!

  Санаи 30 ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 15.00 дақиқа ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе хабари дуздида шудани кӯдаки навзоди 2 моҳа дар ҳудуди Дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13 (собиқ Поликлиникаи №1) ворид гардид.
  Бо хабари мазкур гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи самтҳои оперативию тафтишотӣ ва криминалистика сафарбар карда шуда, дар доираи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар вақти шабона гиреҳи ҷиноят кушода шуда, соати 4.20 дақиқаи саҳар гумонбаршаванда берун аз ҳудуди пойтахт муайяну дастгир ва кӯдаки навзоди 2 моҳа сиҳату саломат дарёфт гардид.

  Тавре муайян гардид, гумонбаршаванда ҷавонзани 29 сола Ахмедова Нигора Рустамҷоновна санаи таваллудаш 03.07.1992, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чортеппа, деҳаи Кампирқалъа буда, зимни қарордошт дар дохили Дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13-и шаҳри Душанбе кӯдаки навзоди 2 моҳаро аз модараш барои нигоҳубини яклаҳзаина қабул ва сипас аз набудини модари кӯдак истифода намуда, кӯдакро гирифта ба самти номаълум ғайб задааст.
  Айни ҳол нисбати гумонбаршаванда Ахмедова Нигора тибқи талаботи моддаи 130 (одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҷиҳати муайян намудани сабабу ҳадафҳои ҷиноятӣ ва даст доштани дигар иштирокчиён дар содир намудани ҷинояти мазкур чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin