• Home »
  • ХАБАР »
  • Санҷиши навор: Боздошти марде, ки дар гузаргоҳи зеризаминӣ мехост ба ҷавонзан ҳамла кунад
Санҷиши навор: Боздошти марде, ки дар гузаргоҳи зеризаминӣ мехост ба ҷавонзан ҳамла кунад

Санҷиши навор: Боздошти марде, ки дар гузаргоҳи зеризаминӣ мехост ба ҷавонзан ҳамла кунад

  Санаи 19 декабри соли ҷорӣ як нафар ҷавонзани 30 солаи сокини пойтахт бо пахши навор дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ дод, ки ҳангоми убур намудани гузаргоҳи зеризаминии роҳи сеқабата (эстакада)-и маҳаллаи Қарияи боло як нафар марди ношиноси тахминан 35-40 сола ба ӯ ҳамла намуда, мехост нисбаташ ҳаракату кирдорҳои ғайриқонунӣ анҷом диҳад, ки баъди садо баланд намудани ҷавонзан марди ҳамлагар аз ҷои ҳодиса фирор намудааст.
  Баъди сар задани ҳодиса ҷавонзани 30 сола ба мақомоти милитсия ҳозир гардида, бо навиштани ариза аз мақомоти корҳои дохилии пойтахт талаб намуд, ки нисбати амалҳои ғайриоқнунии марди ношинос, ки мехост ба у ҳамла намояд, чораҳои қонунӣ андешида шавад.


  Вобаста ба муайян намудани ҳолатҳои дар муроҷиат ва навор инъикосгардида аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба роҳ монда шуда, бо гузашти 1 руз шахсияти марди ҳамлагар муайян ва ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуд, ки ӯ Кенҷаев Бахтиёр Баҳруллоевич санаи таваллудаш 10 августи 1984, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, деҳаи Чилчинор мебошад, ки қаблан 3 маротиба барои тасарруфи амволи шаҳрвандон, аз ҷумла соли 2010 тибқи моддаи 248 қисми 2 (ғоратгарӣ), солҳои 2013 ва 2018 тибқи моддаи 247 (қаллобӣ) Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст.


  Дар натиҷаи пешбурди чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда санаи 19 декабр, соати 13:50 дақиқа ҳангоми дар гузаргоҳи зеризаминии роҳи сеқабата (эстакада)-и маҳаллаи Қарияи боло қарор доштан, аз дасти роҳгузгар, ҷавонзани 30 сола бо роҳи зуроварӣ ҷуздони охиронро ба таври ошкоро кашида гирифтанӣ мешавад, ки бо сабаби доду фарёд бардоштани ҷавонзан боздоштшуда Кенҷаев Бахтиёр кирдорҳои ҷиноякоронаи худро ба охир расонида натавониста, аз ҷои ҳодиса фирор намудааст.
  Илова бар ин ҳангоми амалинамоии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки боздоштшуда Кенҷаев давоми моҳи декабри соли ҷорӣ дар 1 ҳолати дигар низ даст ба ҷинояти ғоратгарӣ задааст. Чунончӣ, санаи 13 декабр бо усули барояш маъмулӣ дар маҳаллаи 82-и пойтахт аз дасти ҷавондухтари ноболиғ як адад телефони мобилии тамғаи «РЕДМӢ», арзишаш 1500 сомониро ба таври ошкоро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Бояд гуфт ки оид ба содиршавии ин ҳолати ҷиноӣ ҷабрдида ба мақомот муроҷиат накарда, танҳо бо роҳҳои тафтишотӣ ошкор карда шудааст.
  Бо назардошти ҳолатҳои болоӣ айни ҳол нисбати дастгиршуда Кенҷаев Бахтиёр тибқи талаботи моддаҳои 32 қисми 3, 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ (суиқасд ба ғоратгарӣ ва ғоратгарӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор ва тафтишот идома дорад.
  Бо истифода аз фурсат Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе расман иттилоъ медиҳад, ки ҳар як муроҷиатҳои шаҳврандон ва сабабу ваҷҳҳои дар наворҳо инъкосгардида ба таври таъҷилӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи қарорҳои қабулкардашуда тавассути сомонаи мазкур изҳороти расмӣ пахш карда мешавад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin