Бо роҳи қаллобӣ гирифтани 30 тонна орд
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 36-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки санаи 6-уми августи соли 2020, ҳангоми дар кӯчаи Абдуллобекови ҳамин ноҳия қарор доштанаш, марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хераварзи ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 30-тонна ордро ҷамъ ба маблағи 55 ҳазору 503 доллари амрикоӣ барои фурӯхтан гирифта, маблағашро ба манфати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.