Боздошти ду нафар ронанда барои пойгаи ғайриқонунӣ (Видео)

Боздошти ду нафар ронанда барои пойгаи ғайриқонунӣ (Видео)

  Ташкили пойгаи ғайриқонунӣ ва бо суръати баланду сабқати нодуруст идора намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби баъзе аз ронандагон дар бештари маврид ба ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиётӣ меанҷомад. Вобаста ба ошкору пешгирии чунин қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ, аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт пайваста рейду санҷишҳо ва чорабиниҳои оперативӣ гузаронида мешаванд.
  Чунончӣ, дар асоси навори ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе воридгардида маълум гардид, ки дар вақти шабона ду нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти сабукрави тамғаи «Лада-Приора», аломати қайди давлатиаш 3635 ВХ 01 ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астар», аломати қайди давлатиаш 7771 МС 01 дар шоҳроҳи кӯчаи Айнии пойтахт пойгаи ғайриқонунӣ ташкил намуда, бо садои гӯшхарошу суръати баланд оромии шаҳрвандонро халалдор сохтаанд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт бо мақсади муайяну боздошт намудани соҳибони воситаҳои нақлиёти мазкур чораҳои дахлдор роҳандозӣ карда шуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи ««Лада-Приора», аломати қайди давлатиаш 3635 ВХ 01 шаҳрванд Рустамов Зиёбой, соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астар», аломати қайди давлатиаш 7771 МС 01, шаҳрванд Абдураҳмонов Шаҳром, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Ваҳдат буда, ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.


  Мавриди зикр аст, ки айни замон ҳарду автомашина дар ҷаримагоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дошта, нисбати ронандагон бо дастрасии моддаи 326 иловаи 1 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, дар баррасӣ қарор дорад.
  Тибқи муқаррароти моддаи мазкур барои кирдори содирнамудаашон ронандагонро ҷарима ба маблағи аз 13 ҳазору 750 сомонӣ то 16 ҳазору 500 сомонӣ бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 2 сол таҳдид мекунад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin