Мардумфиребӣ дар ҳаҷми махсусан калон

Мардумфиребӣ дар ҳаҷми махсусан калон

  Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷаи коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Бахиров Парвиз сокини 38-солаи ноҳияи А.Ҷомиро дастгир намуданд. Номбурда қаблан бо ҷурми қаллобӣ Суд шуда, ҳамзамон барои содир намудани шумораи зиёди мардумфиребӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки дастгиршуда Бахиров Парвиз бо роҳи фиреб аз 42 нафар маблағҳои гуногун гирифта, барои сафар намудан ба Арабистони Саудӣ ба онҳо чиптаҳои қалбакӣ омода кардааст.
  Нисбати номбурда бо моддаи 247 Кодекса ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишот қарор дорад.
  Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, агар мавриди фиреби Бахиров Парвиз қарор гирифтаед, тавассути рақамҳои 2211542 ва 2210057 ба Раёсати ВКД дар ш.Душанбе муроҷиат намоед.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin