Маҳфили маърифатӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорат
Дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқ гардида, роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт, бо донишҷӯёни макотиби олии ҳудуди шаҳри Душанбе мулоқоту вохуриҳои судманд доир намуда истодаанд.
Зимни чунин як ҳамоиш, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор шуд, муовини сардори Раёсати ВКД дар ш.Душанбе, подполковники-милитсия Шарофзода Фирдавс оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти ҷавонону наврасон, ба хусус доир ба мақсаду мароми эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» суханронӣ намуда, донишҷӯёнро ба андухтани ҳарчӣ бештари илму дониш талқин намуд.

Ҳамзамон, дигар ширкатдорони вухурӣ низ оид ба масъалаҳои гуногун, махсусан баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пос доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ ва пешгирии содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб суханронӣ намуданд.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе






























