Баррасии муроҷиати шаҳрванд: Ҷаримабандии ронанда барои таваққуфи нодуруст

Баррасии муроҷиати шаҳрванд: Ҷаримабандии ронанда барои таваққуфи нодуруст

  Санаи 22-юми декабри соли ҷорӣ яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли расми қоидавайронкунии як нафар ронанда аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуд, ки нисбати он барои таваққуфи нодуруст ва монеагӣ эҷод намудан ба ҳаракати воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ (тролейбуси № 8) дар назди таваққуфгоҳи боғи ба номи А. Рӯдакӣ чораҳои қонунӣ андешида шавад.
  Муроҷиати мазкур таҳти назорат ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.


Дар натиҷа муайян гардид, ки ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи Опел-астра рақами қайди давлатиаш 8075 РВ 01, шаҳрванд Расулов Саиданвар Муминович соли таваллудаш 01. 09. 1997 сокини шаҳри Кӯлоб мебошад, ки дар ҳақиқат ба қоидавайронкунии дағали ҳаракат роҳ дода, автомашинаи худро дар ҷойи номуқарраргардида таваққуф намудааст. Ин амали номбурда боиси халал расонидан ба ҳараки воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ, ҳамзамон норозигии шаҳрвандонро ба вуҷуд овардааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Расулов Саиданвар бо моддаи 324 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, автомашинаи мазкур ба ҷаримагоҳи Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе интиқол дода шуд.

Маркази матбуотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin