Гирифтани автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри” бо роҳи фиреб
Ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансур марди 24-солаи сокини ноҳияи Хуросон муроҷиат намудааст, ки рӯзи 23-юми августи соли 2019, марди 30-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри”-ро ба маблағи 105 000 сомонӣ нархгузорӣ намуда, гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.