Бо роҳи фиреб гирифтани 10 ҳазор доллар
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 29-солаи сокини кӯчаи Чаманзор муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2014 дар кӯчаи Крупскии пойтахт марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тиҷорат 10 000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.