Таҷлили Рӯзи таъсисёбии БДА

Таҷлили Рӯзи таъсисёбии БДА

    Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Бозрасии давлатии автомобилӣ бо иштироки роҳрабияти мақомоти корҳои дохилии пойтахт ва ҳайати шахсии Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.


  Нахуст, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, табрикоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро ба самъи кормандони бозрасӣ расонида, ба онҳо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти шабонарӯзиашон комёбиҳоро таманно намуд.


 Кормандони ин воҳид чун дигар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва махсусан танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёту пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ паи иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, фаъолияти ҳамаҷонибаро ба роҳ мондаанд. 
  Зикр гардид, ки БДА ягона ниҳоди қудратист, ки кормандони он дар ҷараёни пешбурди фаъолияти хизматӣ бо шаҳрвандон рӯ ба рӯ шуда, шоҳиди бевоситаи ҳодисаҳои гуногун мегарданд. Аз ин лиҳоз аз ҳар як нозири БДА-и шаҳри Душанбе тақозо карда мешавад, пеш аз ҳама дар муошират бо шаҳрвандон хушмуомила бошанд.

  Дар ҷараёни чорабинӣ бо Фармони Вазири корҳои дохилӣ як қатор кормандони БДА барои хизматҳои шоёну арзанда дар мақомоти корҳои дохилӣ бо медалҳои ҷашнии «Бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо Сипосномаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin