• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти ду директори собиқ бо гумони қаллобӣ
Боздошти ду директори собиқ бо гумони қаллобӣ

Боздошти ду директори собиқ бо гумони қаллобӣ

  Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 52-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми дар вазифаи директори КВД “Сохтмони манзили дастрас” кор карданаш бо маслиҳати пешакӣ бо директори ҶДММ “Диёрсоз”, марди 41-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоев рӯзи 25-уми январи соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 310080-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд. 

  Нисбати номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin