Ошкор шудани ҷиноятҳои силсилақаллобӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии пойтахт марди 32-солаи сокини кӯчаи Телмани шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи декабри соли 2015, бо роҳи фиреб ба боварии марди 44-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 713-тонна хокаи ангишт, ҷамъ ба маблағи 142.600-сомониро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Тафтишот муайян намуд, ки худи ӯ моҳи декабри соли 2015, бо ҳамин роҳ ба боварии марди 42-солаи сокини ноҳияи Қубодиён даромада, барои тиҷорат аз ӯ 276.000-рубли русиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамчунин номбурда моҳи декабри соли 2015, бо ҳамин роҳ ба боварии марди 44-солаи сокини шаҳри зикргардида даромада, аз ӯ 20.000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.