Ҳалокати ноболиғи 16-сола дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

Ҳалокати ноболиғи 16-сола дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

  Санаи 14-уми июни соли равон, тахминан соати 00.10-дақиқаи шаб, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” шаҳрванд С.Тоҷиддин, истиқоматкунандаи кучаи Борбади ноҳияи Сино, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти кӯчаи Р.Набиев ба самти кӯчаи. Борбад, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, соли таваллудаш 2002-ро пахш намуда, баъдан ба автомашинаи тамғаи “Тайота-Ландкрузер”, ки таҳти идораи шаҳрванд Ғафорзода И қарор дошт бархӯрдааст.

  Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
  Тафтишот оид ба ҳодисаи рӯхдода идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin