Бо роҳи фиребу қаллобӣ азхуд намудани маблағ
Ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур марди 41-солаи сокини кӯчаи Н.Махсуми пойтахт бо ариза дар он хусус муроҷиат намудааст, ки соли 2014, ду марди соҳибкори 40 ва 42-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 7010-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.