• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошт ва ба ҳабс гирифтани 16 нафар дар паи як ҷинояти авбошӣ
Боздошт ва ба ҳабс гирифтани 16 нафар дар паи як ҷинояти авбошӣ

Боздошт ва ба ҳабс гирифтани 16 нафар дар паи як ҷинояти авбошӣ

  Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кирдори авбоширо аз ҷумлаи он категорияҳои ҷиноят эътироф намудааст, ки ба ҷамъият хавфнок буда, боиси таҳдид ва расонидани зарари ҷиддӣ ба ҳаёт ва саломатии иштирокчиён ва аъзоёни ин кирдори зиддиҳуқуқӣ мебошад.
  Чи тавре, ки дар якчанд гузоришҳои пештара иттилоъ дода будем, имрӯзҳо содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ, аз ҷумла муноқишаву авбошиҳои гуруҳӣ ҳамоно ташвишовар боқӣ монда, гувоҳи маърифати пасти содиркунандагони он мебошад.
  Тибқи таҳлилҳои тафтишотӣ масъалаи дигаре, ки ба содиршавии авбошиҳои гуруҳӣ оварда мерасонад ин беназоратии волидайн нисбати рафтору кирдори фарзандон ва хунукназарии онҳо ҷиҳати риояи ҳатмӣ ва бечунучарои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад. Зеро дар ҳодисаи ҷиноятие, ки тафсилот дода мешавад маҳз аз беназоратии волидайн ва дигар атрофиён сар задааст, ки ҳатто дар байни иштирокчиёни он хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳои олии ҳудуди шаҳри Душанбе вуҷуд доранд. Чунончи:
  Шоми 28 марти соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 19.40 дақиқа байни 2 гуруҳ ҷавонони маҳаллаҳои Гипрозем ва ноҳияи Рӯдакӣ бо истифода аз чубдасту олотҳои оҳанин муноқишаи гуруҳӣ сар задааст, ки дар натиҷа ба 9 адад автомашинаҳои сокинони маҳаллаи Гипроземи шаҳри Дуашнбе хисороти моддӣ расонида шудааст.
  Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ барои даст доштан ба ин ҷинояти гуруҳӣ 16 нафар ҷавонону ноболиғон, аз ҷумла 2 нафар хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 нафар донишҷӯёни Донишгоҳҳои олии шаҳри Душанбе дастгир ва нисбаташон бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятиии Ҷумҳури Тоҷикистон (авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисабти 15 нафар қарор дар намуди ба ҳабси пешакӣ гирифтан содир гардида, нисбати 1 нафар ноболиғ чораи пешгирӣ дар намуди забонхат дар бораи набаромадан аз ҷойи истиқомат татбиқ карда шуд.


  Зимни пешбурди тафтишот ва пурсиши шоҳидону гумонбаршудагон муайян карда шуд, ки 16 нафар ҷавонони дастгиршуда дар ҳайати ду гурӯҳ зери нуфузи роҳбарони гуруҳ дастгиршуда Носиров Шаҳзод Зиёдуллоевич ва аз ҷониби дигар Баротов Наҷибулло Саидқулович байни ҳам муноқиша гуруҳӣ ташкил ва содир намуданд.
  Дар гуруҳи аввал, ки зери роҳбарии гумонбаршуда Носиров Шаҳзод Зиёдуллоевич ҷамъ шудаанд, ба ғайр аз худи ӯ ҳамчунин 4 нафари дигар таалуқ доранд. Инҳо худи:

1. Носиров Шаҳзод Зиёдуллоевич, санаи таваллудаш 24 феврали 1997 сол, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зода ва сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи П.Хандҷина, оиладор, соҳиби 1 фарзанд, донишҷӯи курси 3-юми Факултаи ҳисобдории Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, пеш суд нашудааст;

 

2. Табаров Абубакр Азамхонович санаи таваллудаш 04 июни соли 1996, зода ва истикоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи Гипрозем; қаблан суд нашудааст;

 

3.Розиқов Шоҳрух Ҳасанович санаи таваллудаш 23 ноябри соли 1997, зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад, қаблан суд нашудааст;

 

4.Миралиев Меҳроҷ Исматуллоевич санаи таваллудаш 01 марти соли 1995, зода ва сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад, пеш бо моддаи 237 (авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст;

 

5.Ҷалолов Беҳрӯз Искандарович санаи таваллудаш 16 феврали соли 2001, зода ва сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад, пеш бо моддаи 237 (авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст;

 

Гуруҳи дуюми авбошон, ки то ҳол тафтишот 11 нафарро муайян намудааст, зери роҳбарии дастгиршуда Баротов Наҷибулло Саидқулович ҷамъ шудаанд. Инҳо худи:

1.Баротов Наҷибулло Саидқулович санаи таваллудаш 14 апрели соли 1998, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи О.Кошевой, пеш суд нашудааст;

 

2.Ҳамидов Анас Шодиевич санаи таваллудаш 01 январи соли 2000, зода ва сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Нахимова, хонандаи синфи 11-и МТМУ № 91 шаҳри Душанбе;

 

3.Баротов Муминҷон Хуршедович 13 апрели соли 1998, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ, деҳаи Конститутсия, донишҷӯи курси 2-юми Факултаи ҳисобдорӣ ва омори Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон;

 

4.Бобоев Толибчон Файёзҷонович санаи таваллудаш 26 июли соли 1999, зода ва сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Нахимова, пеш суд нашудааст;

 

5.Қосимов Саъди Маҳмадаюбович санаи таваллудаш 08 ноябри соли 1996, зодаи шаҳри Кулоб, истикоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ю.Вафо, соҳибкори инфиродӣ, пеш суд нашудааст;

 

6.Шамсов Сомон Муродалиевич санаи таваллудаш 07 сентябри 1998, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти К.Исмоилов, деҳаи Карсанг, муваққатан сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Гипрозем, донишҷӯи курси 2-юми Факултаи ҳисобдорӣ ва омор Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон;

 

7.Абдураҳмонов Фирӯз Баҳромович санаи таваллудаш 13 апрели соли 2000, зода ва сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Гулбутта, пеш суд нашудааст;

 

8.Бобоев Фирӯз Салимович санаи таваллудаш 15 майи соли 1998, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Навбаҳор, донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ;

 

9.Давронов Беҳрӯз Махмудович санаи таваллудаш 02 майи соли 1996, зода ва истикоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Балъамӣ, донишҷӯи бахши 4-уми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон;

 

10.Бобоев Дилшод Абдуҷамилович санаи таваллудаш 17 ноябри соли 1997, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Навбаҳор, донишҷӯи курси 2-юми Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон.

 

Аъзои дигари ҳамин гуруҳ Дилшоди Файзулло соли таваллудаш 12 марти соли 2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ю.Вафо, хонандаи синфи 11-и МТМУ № 50 буда, нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди забонхат дар бораи набаромадан аз ҷойи истиқомат татбиқ карда шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin