• Home »
  • ХАБАР »
  • Таъсиси гурӯҳи таблиғотӣ оид ба одоби шаҳрнишинӣ
Таъсиси гурӯҳи таблиғотӣ оид ба одоби шаҳрнишинӣ

Таъсиси гурӯҳи таблиғотӣ оид ба одоби шаҳрнишинӣ

   Роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе доир ба моҳияти қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 1 феврали соли ҷорӣ “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе”, ҷиҳати риояи муқарароти Маромномаи сокини пойтахт ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар якҷоягӣ бо бахшу хадамотҳои мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ, кумитаи маҳаллаҳо ва институтҳои ҷамъиятӣ вохуриҳо доир намуда истодаанд.
   Аз ҷумла чунин як вохурӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он муовини аввали сардори раёсат полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пулодӣ, намояндагони раёсатҳои маориф, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳрои миллӣ, кор бо занон ва оила, тандурустӣ ва ҳифзи ҷитимоӣ ва Раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва ҳайати шахсии кормандзанони раёсат иштирок намуданд.   Нахусут муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Дадабойзода Ҳ. П. суханронӣ намуда, дар бораи Қарори раиси шаҳри Душанбе ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии батанзимоварандаи фаъолияти шаҳрдорӣ ронда, ҳамин тавр, оиди дар маҳали хизматӣ татбиқ намудани муқаррароту талаботи қарори зикргардида аз ҳисоби нозирони минтақавӣ, кумитаи маҳаллаҳо ва фаъолони маҳал гурӯҳои корӣ таъсис намуд.
   Муовини аввали сардори раёсат зикр кард, ки баҳри баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон, маданияти шаҳрнишинӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз ҳар як сокини пойтахт тақозо карда мешавад то дар ободу зебогардонии муҳити атроф ва шукуфоии пойтахти азизамон саҳмгузор бошанд.
   Ҳамчунин, дар вохӯрӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсату кумитаҳои маҳаллаҳо суханронӣ намуда, дар бораи фаъолияти босамар ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидани гурӯҳҳои таъсисёфта пешниҳоду дархостҳои худро иброз намуданд.

Сироҷиддин Шукуров

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin