Таҳқиқи навори итоат накардан ба талаботи қонунии корманди бозрасӣ

Таҳқиқи навори итоат накардан ба талаботи қонунии корманди бозрасӣ

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе расман иттилоъ медиҳад, ки новори ба амру талаботи қонунии корманди бозрасӣ итоат накардани ронандаи воситаи нақлиёти мусофирбар, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, вокунишҳои гуногунро ба миён овардааст, мавриди санҷиш қарор дода шуд. Муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкур санаи 3-юми майи соли ҷорӣ, дар маҳаллаи Гулбутта, назди маркази савдои «7-Ахтар» рух додааст.
  Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Спринтер” рақамҳои қайди давлатиаш 1232ТТ09, шаҳрванд Гулов Наҷибулло Нурович, санаи таваллудаш 02.01.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, деҳаи Фириштӣ, ки дар хатсайи №52 кору фаъолият мекунад, автомашинаи худро дар болои хати пиёдагузар таваққуф намуда, ба гирифтани мусофирон машғул шуда, тамбашавии дигар воситаҳои нақлиётро ба миён овардааст.


  Корманди бозрасӣ ба ин қоидавайронкунии ронанда эрод гирифта, ҳуҷҷатҳои ронандагиашро талаб намудааст. Аммо ронанда-Гулов Наҷибулло ба талаботи қонунии корманди милитсия итоат накарда, дағалона рафтор намуда, аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ронандагӣ саркашӣ намудааст. Ҳамзамон, номбурда дар назди дигар шаҳрвандону мусофирони дохили автомашина бо садои баланд ба иғвоангезӣ даст зада, монеъи фаъолияти корманди бозрасӣ шуда, автомашинаи худро гузошта рафтааст.


  Вобаста ба таваққуфи нодуруст нисбати шаҳрванд Гулов Наҷибулло тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, автомашинаи номбурда тавассути нақлиёти «Эвакуатор» ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд.
  Ҳамзамон барои итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия, нисбати шаҳрванд Гулов Наҷибулло тибқи талаботи моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin