Даст ба дуздӣ задани ноболиғони 15 ва 16-сола
Ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ду ноболиғи 15 ва 16-солаи сокинони пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятӣ дуздӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон 8-уми августи соли 2022, аз таваққуфгоҳи мағозаи “Пайкар”, ки дар кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад, аз дохили автомашинаи тамғаи “Хундай-Соната”, ки ба марди 44-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, 12 ҳазор сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.