• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи навор: ҳабси ду нафар ҷавонписар барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ
Таҳқиқи навор: ҳабси ду нафар ҷавонписар барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

Таҳқиқи навор: ҳабси ду нафар ҷавонписар барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Дар натиҷаи омӯзиш ва баррасии муроҷиати электронии шаҳрвандон ва навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ду нафар шаҳрвандон:
Чилаев Шуҷо Шоҳраҳимович, санаи таваллудаш 08.08.1997;


Исмонов Хусрав Нуриддинович, санаи таваллудаш 15.05.1996;


барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва беэҳтиромӣ нисбати занону бонувон дастгир карда шуданд.
  Қобили зикр аст, ки санаи 28-уми марти соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки гуфта мешуд ин ду нафар нисбати ду нафар ҷавонзани сокини пойтахт беэҳтиромӣ зоҳир намуда, шаъну шарафи онҳоро паст задаанд. Зимни санҷиш ва пурсиши шоҳидони ҳодиса муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат номбурдагон санаи мазкур ҳангоми дар кӯчаи Фирдавсӣ назди маркази савдои «Содот» қарор доштан нисбати ду нафар апаву хоҳар сокинони шаҳри Душанбе беэҳтиромӣ зоҳир намудаанд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт нисбати ҳар ду тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ нисбати Чилаев Шуҷо ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз ва нисбати Исмонов Хусрав ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin