Даст доштани духтарон дар рабуда шудани автомашинаҳо
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣкормандони РВКД дар ш. Душанбе шаҳрванд Турсунова Манзура соли таваллудаш 1980, сокини ш. Душанберо бо гумони рабудани воситаи нақлиёт дастгир намуданд. Муайян карда шуд, ки номбурда 4-уми сентябри соли 2014 аз назди маркази савдои “Садбарг”-и пойтахт автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” рақами давлатиаш ЕА 53-28 01 РТ-ро, ки ба шаҳрванд Ғафуров Мирзомуддин соли таваллудаш 1965, сокини ш. Душанбе тааллуқ дорад, ғайриқонунӣҳай карда бурдааст.Ҳамчунин, рӯзи 20-уми январи соли 2015 ба РВКД дар ш. Душанбе шаҳрванд Муҳаммадиев Муҳаммадӣ соли таваллудша 1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе оиди далели рабуда шудани автомашинаи шахсиаш муроҷиат намудааст. Автомашинаи ӯ тамғаи “Опел-Астра”, рақами давлатиаш 04-86 ВХ 01, ки арзишаш 5000-доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, санаи 19-уми январи соли 2015, тахминан соати 19:00-дақиқа аз назди пули шаҳраки Шаҳринав, рабуда шудааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур сокини ш. ДушанбеҲазратқулова Наргис соли таваллудаш 1994 дастгир гардид. Нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.