• Home »
  • ХАБАР »
  • Даст доштани духтарон дар рабуда шудани автомашинаҳо

Даст доштани духтарон дар рабуда шудани автомашинаҳо

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣкормандони РВКД дар ш. Душанбе шаҳрванд Турсунова Манзура соли таваллудаш 1980, сокини ш. Душанберо бо гумони рабудани воситаи нақлиёт дастгир намуданд. Муайян карда шуд, ки номбурда 4-уми сентябри соли 2014 аз назди маркази савдои “Садбарг”-и пойтахт автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” рақами давлатиаш ЕА 53-28 01 РТ-ро, ки ба шаҳрванд Ғафуров Мирзомуддин соли таваллудаш 1965, сокини ш. Душанбе тааллуқ дорад, ғайриқонунӣҳай карда бурдааст.Ҳамчунин, рӯзи 20-уми январи соли 2015 ба РВКД дар ш. Душанбе шаҳрванд Муҳаммадиев Муҳаммадӣ соли таваллудша 1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе оиди далели рабуда шудани автомашинаи шахсиаш муроҷиат намудааст. Автомашинаи ӯ тамғаи “Опел-Астра”, рақами давлатиаш 04-86 ВХ 01, ки арзишаш 5000-доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, санаи 19-уми январи соли 2015, тахминан соати 19:00-дақиқа аз назди пули шаҳраки Шаҳринав, рабуда шудааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур сокини ш. ДушанбеҲазратқулова Наргис соли таваллудаш 1994 дастгир гардид. Нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin