• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҷавонзани 33-сола бо ҷурми авбошӣ дастгир карда шуд
Ҷавонзани 33-сола бо ҷурми авбошӣ дастгир карда шуд

Ҷавонзани 33-сола бо ҷурми авбошӣ дастгир карда шуд

  Аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар н.Сино, шаҳрванд Расулзода Нозукой, сокини 33-солаи н.Файзобод дастгир карда шуд.
  Номбурда 30 декабри соли ҷорӣ, бо шаҳрванд Давлатзода Фарангис, сокини 36-солаи ш.Душанбе муноқиша намуда, бо корд 2-маротиба ба шикамаш зарба задааст. Дар натиҷа Давлатзода Ф. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, айни замон бистарӣ мебошад.
  Ҳодисаи мазкур мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin