• Home »
  • ХАБАР »
  • Дуздии маркази савдои «Саодат» ошкор гардид

Дуздии маркази савдои «Саодат» ошкор гардид

Санаи 17-уми декабри соли 2014 аз ҷониби шаҳрванд Парвинаи Аҳмадзода, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ариза ворид гардид, ки шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозааш воқеъ дар маркази савдои «Саодат» гардида, як миқдор маблағи саводояшро дуздидаанд. Оиди дастгир намудани гумонбарони ин ҷиноят корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ гузаронида шуда, бо изи гарм ҳамагӣ пас аз чанд соати содир гаштани ҷинояти дуздӣ шаҳрванд Сафаров Сироҷ Давлатович, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд. Айни замон нисбати шаҳрванд Сафаров С. Д. парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin