7-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

7-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Дар асоси муроҷиати Наҷмуддинзода И. ҷавондухтари 24-солаи сокини пойтахт, аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ, Абдулҳаев Абдулқодир, сокини 40-солаи шаҳри душанбе, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Лексус-570» рақами қайди давлатиаш 1515ОВ01, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда санаи 29-уми августи соли ҷорӣ, тахминан соати 18:30 дақиқа дар назди қаҳвахонаи «Сафо», ҷавондухтари муроҷиаткунандаро дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.
  Нисбати Абдулҳаев А. бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин карда шуд.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin