10-шабонарӯз ҳабси писар барои озори модар
Аз меъёр зиёд нушидани машрубот ва истеъмоли воситаҳои нашъадор оқибат шахсро беобруву шармсор мегардонад.
Кормандони ШВКД-1 дар н.Шоҳмансур Раҷабов Усмоналӣ, сокини 20-солаи ноҳияи мазкурро барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир намуданд.
Нобурда санаи 16-уми сентябр дар ҳолати мастӣ аз истеъмоли воситаҳои нашъадор ба манзили истиқоматишон ҳозир шуда, дар боробари нисбати модари худ беэҳтиромӣ намудан, ҳамзамон бо табарча ӯро таҳдиди латукӯб намудааст.
Нисбати Раҷабов У. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд ба муҳлати 10-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуд.
Раёсати ВКД дар ш.Душанбе