Боздошти 3-нафар бо ҷурми тамаъҷӯӣ
Кормандони мақомоти милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ шаҳрвандон Амонзола Сулаймон соли таваллудаш 1987, Назаров Нуралӣ соли таваллудаш 1986 ва Саймаҳмадов Вафо соли таваллудаш 1980-ро дастгир намуданд.
Номбурдагон худро ҳамчун кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, бо ҳар баҳона аз шаҳрвандон маблағҳои калони пулӣ талаб карда мегирифтаанд. Аз ҷумла, аз як нафар ҷавони сокини пойтахт бо далелҳои сохта, барои аз ҷавобгарӣ озод намудан 10-ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд, ки зимни гирифтани 4900-доллар кормандони милитсия онҳоро дастгир намуданд.
Айни замон, ин се нафар дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад. Аз шаҳрвандон низ хоҳиш карда мешавад, ки агар аз инҳо ҷабр дидаанд тавассути рақамҳи 2210057 ба мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.
Раёсати ВКД дар ш.Душанбе