Боздошти паҳнкунандаи воситаҳои нашъадор
Дар натиҷаи амалисозии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД-2 дар н.Шоҳмансур шаҳрванд Қодиров Хуршед Миралиевич, соли таваллудаш 03.09.1986, сокини шаҳри Ваҳдатро дастгир намуданд. Номбурда дар муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор гумонбар дониста мешавад.
Қодиров Х. воситаҳои гуногуни нашъадор, аз қабили ҳабҳои «Экстазӣ», «Кокаин» ва «Ҳашиш»-ро ба қисмҳои хурд ҷудо намуда, асосан ба ҷавонон ба фуруш мегузошт. Зимни кофтуков аз номбурда 106 адад таблеткаи «Экстази», 19 бастачаи «Кокаин», 7 адад бастачаи «Ҳашиш», инчунин воситаи нашъадори навъи «Метаамфитамин» (кристал) дарёфту мусодира карда шуданд.
Нисбати Қодиров Х. тибқи талаботи моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Раёсати ВКД дар ш.Душанбе