• Home »
  • Баромадҳо »
  • Мулоқоти намояндагони ҳифзи ҳуқуқ бо фаъолони шаҳри Душанбе
Мулоқоти намояндагони ҳифзи ҳуқуқ бо фаъолони шаҳри Душанбе

Мулоқоти намояндагони ҳифзи ҳуқуқ бо фаъолони шаҳри Душанбе

  Бо ташаббуси Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, имрӯз вохӯрии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ бо фаъолону сокинони шаҳри Душанбе, дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт дар партави эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид.


  Дар ин ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, сардори Раёсати ВКД дар ш.Душанбе, генерал-майори милитсия Саидзода Шоҳрух, прокурори ш.Душанбе Абдураҳмонзода Мизробшоҳ, сардори Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ш.Душанбе, генерал-майор Самадов Талабшоҳ Сафаралиевич, сардори шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и ш.Душанбе ва дигар сохторҳои марбута ширкат намуданд.


  Дар ҷараёни ҳамоиш ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт, пешгирии кирдорҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва амалҳои ҷиноятӣ, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва тарбияи наврасон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ироа карда шуданд.
  Ҳамзамон, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки бо мақсади ҳифзи суботу оромӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон-Тоҷикистон, саҳми арзандаи худро гузоранд.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin