Ҳабси ду ҷавондухтар барои истеъмоли воситаҳои нашъадор
Мақомоти милитсияи пойтахт бо мақсади пешгирии истеъмол ва паҳншавии воситаҳои нашъадор дар ҳудуди шаҳри Душанбе муборизаи беамон мебард. Мутаассифона чуноне таҳлилҳо нишон медиҳанд, вақтҳои охир баъзе аз ҷавонписарон ва ҷавондухтарон ба истеъмоли ин маводи заҳрогин майл намудаанд.
Аз ҷумла, зимни баргузории як амалиёти санҷишӣ шаҳрвандон Сафарзода Лайло ва Саидзода Шабнам сокинони 20-солаи шаҳри Душанбе, ки ба вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ машғул буданд, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд. Зимни ташхис муайян карда шуд, ки номбурдагон аз истеъмоли воситаҳои нашъадори навъи «Метаамфитамин» (кристал), дар ҳолати сархушӣ қарор доранд.
Нисбати номбурдагон маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ татбиқ карда шуд.
Раёсати ВКД дар ш.Душанбе