Ҷавони 20-сола автомашинаро рабуда, ба садама дучор шуд
Муродов Хуршед, сокини 20-солаи шаҳри Душанбе, бо гумони рабудани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда ҳамчун усто дар нуқтаи таъмири воситаҳои нақлиёт фаъолият мекунад.
Санаи 20-уми августи соли ҷорӣ, воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес Бенс», ки барои таъмир ба ӯ вогузор гардида буд, ғайриқонунӣ ҳай карда бурда, ба садама дучор шуда, ба воситаи нақлиёт зарари техникӣ расонидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати номбурда бо моддаи 253 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Раёсати ВКД дар ш.Душанбе