Ду садамаи нақлиётии ронандагони маст

Ду садамаи нақлиётии ронандагони маст

  Дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт, дар бештари маврид оқибат ба садамаҳои нохуш оварда мерасонад. Аз ҷониби милитсияи пойтахт ду ҳолати садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳар ду ронанда дар ҳолати мастӣ қарор доштанд.
  Аз ҷумла, Солиҳов Равшан сокини 34-солаи ш.Душанбе, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Опел», рақами қайди давлатиаш 0700SO07, ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи С.Айнӣ ба садама дучор гашта, ба ду нақлиёти дигар зарарҳои гуногуни техникӣ расонидааст.
  Шойсомуддинов Фарид, соли таваллудаш 1991, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давлатиаш 1912ММ01 низ дар ҳолати мастӣ ба дигар воситаи нақлиёт бархурда, зарари техникӣ расонидааст.
  Ҳодисаҳои мазкур мавриди таҳқиқ қарор доранд.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin