Амалиёти шартии «Корд», дар марҳилаи нав

Амалиёти шартии «Корд», дар марҳилаи нав

  Яке аз сабабҳои асосие, ки дар натиҷаи нофаҳмии ночиз миёни наврасон ба кордзанӣ меанҷомад, ин бо худ гирифта гаштани корд мебошад. Милитсияи пойтахт талош менамояд, то пеши роҳи паҳншавӣ ва бо худ гирифта гаштани силоҳи сард гирифта шавад.
  Дар натиҷаи амалиёти шартии “Корд”, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино муайян карда шуд, ки шаҳрванд Исматов Ҳусейн Исломович, санаи таваллудаш 03.02.1984 ба фурӯши кордҳои гуногунтамға машғул аст.
  Зимни санҷиш аз номбурда 32-адад кордҳои тези халандаю бурранда, ки ба сифати силоҳи сард шинохта мешаванд, дарёфту мусодира карда шуданд.
  Вобаста ба ин, нисбати Исматов Ҳ. бо моддаи 492 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin