• Home »
  • ХАБАР »
  • Азонихудкунии маҳсулоти хурокворӣ, ба маблағи беш аз 372 ҳазор сомонӣ
Азонихудкунии маҳсулоти хурокворӣ, ба маблағи беш аз 372 ҳазор сомонӣ

Азонихудкунии маҳсулоти хурокворӣ, ба маблағи беш аз 372 ҳазор сомонӣ

  Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт Кизилова Гулбегим сокини 29-солаи шаҳри Душанбе бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
  Гумонбаршаванда 1-уми декабри соли 2022 ба ҳайси намояндаи бренди «Шедрое Лето» ба кор қабул гардидааст. Дар ин давра аз амбори ҷамъият равғани растании «Шедрое Лето» ва маргарини «Шедрое Лето»-ро қабул намуда, ба нуқтаҳои муайянгардида дастрас накарда, ба дигар мағозаҳои шаҳру ноҳияҳо бурда, ба фурӯш гузоштааст.
  Номбурда бо ин роҳ ба корхонаи мазкур ба маблағи 372 ҳазору 720 сомонӣ зарар расонидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin