Ҳуқуқвайронкунӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим
Санаи 13-уми июли соли ҷорӣ, шаҳрванд Ширинзода Раҷабалӣ Камол, санаи таваллудаш 07.01.1958, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, бар хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Н.Хусрави шаҳри Душанбе, ба муносибати оиладоршавии духтараш маъракаи «фотиҳатӯй» бо иштироки хешу таборон ва тақдими тӯҳфаҳо баргузор намуд.
Номбурда бо ин кирдораш талаботи моддаи 12 қисми 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дағалона вайрон кардааст.
Ҳамзамон, аз ҷониби хешовандони соҳибмаърака бо мақсади худнамоӣ рафти баргузории «фотиҳатӯй» ба навор гирифта шуда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда шудааст, ки ин амали онҳо боиси эроду вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардид.
Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ширинзода Раҷабалӣ тибқи талаботи моддаи 481 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд.
Раёсати ВКД дар ш.Душанбе