Оқибати дар ҳолати мастӣ идора намудани нақлиёт

Оқибати дар ҳолати мастӣ идора намудани нақлиёт

  Дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт дағалтарин қоидавайронкунӣ ба шумор меравад. Чунин ронанда дидаву дониста ҷони худ ва дигаронро зери хатар мегузорад.
  Зимни хизматбарӣ, аз ҷониби кормандони бозрасӣ воситаи нақлиёти тамғаи «Ренҷ ровер», рақамҳои қайди давлатиаш 5328МН01 боздош карда шуд. Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки воситаи нақлиёт ба шаҳрванд Бозорова Ҳабиба тааллуқ дошта, номбурда дидаву дониста идораи воситаи нақлиётро ба шаҳрванд Баракати Салим вогузор намудааст, ки ҳар ду дар ҳолати мастӣ қарор доранд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Нисбати Бозорова Ҳабиба ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 21 600 сомонӣ ва нисбати Баракати Салим ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз ва бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 5-сол татбиқ карда шуд.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin