Ошкорсозии якчанд далели қоидавайронкунӣ аз ҷониби кормандони бозрасӣ
Кормандони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри душанбе, ҳамарӯза дар роҳҳои мошингарди пойтахт рейду амалиётҳои санҷишӣ доир менамоянд.
Аз ҷумла, зимни санҷиш муайян гардид, ки Шарифов Раҳмоналӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақамҳои қайди давлатиаш 8881RS01, бар хилофи талаботи қоидаҳои ҳаракати роҳ амал намуда, дар воситаи нақлиёти худ асбобҳои махсуси равшанидиҳанда (мигалка) насб кардааст.
Инчунин, аз ҷониби кормандони бозрасӣ барои насби таҷҳизоти махсуси садодиҳанда (серена), Саломиддинзода Муҳаммадҷон ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Кемрӣ», рақамҳои қайди давлатиаш 2002МА10 ва барои бо садои баланду гушхарош идора намудани воситаи нақлиёт, шаҳрванд Абдуҷаборзода Аминҷон ронандаи автомашинаи тамғаи «Шевролет», рақамҳои қайди давлатиаш 0458МЕ01 боздошт карда шуданд.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати ҳар се ронанда тибқи талаботи моддаи 316 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протокол тартиб дода шуда, ҳолати қоидавайронкунӣ бартараф ва ронандагон ҷаримабандӣ карда шуданд.
Раёсати ВКД дар ш.Душанбе