• Home »
  • ХАБАР »
  • Окорсозии ду ҳолати машғул шудан ба фолбинӣ
Окорсозии ду ҳолати машғул шудан ба фолбинӣ

Окорсозии ду ҳолати машғул шудан ба фолбинӣ

  Кормандони милитсия шаҳрванд Аҳроров Рустамҷон санаи таваллудаш 27.07.1966, сокини ноҳияи Рӯдакиро барои машғул шудан ба амалҳои хурофотии фолбинию сеҳргарӣ дастгир намуданд.
  Номбурда бо фармоиши шаҳрвандон ба манзилҳои истиқоматии онҳо рафта, ин амалҳоро иҷро мекардааст. Ҳамзамон номбурда худро ҳамчун шахси дорои маҳорату истеъдоди фавқулодда муаррифӣ сохта, бо ин васила маблағ ба даст меовардааст.
  Инчунин аз ҷониби кормандони милится шаҳрванд Тоҳирова Иноят, санаи таваллудаш 1959 дастгир карда шуд. У низ фолбиниро василаи ба даст овардани даромади муфт табдил додааст.
  Нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin