Боздошти мардумфиреби навбатӣ
Аз ҷониби нозирони минтақавии милитсияи пойтахт, зимни корбарӣ дар минтақаи хизматӣ, шаҳрванд Талабов Одинахуҷа, соли таваллудаш 1974, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
Гарчанде номбурда қаблан огоҳонида шуда бошад, ҳам вале дидаву дониста хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, худро зоҳиран ҳамчун маъюб вонамуд карда, талбандагӣ мекард. Дар асл Талабов О. ҷисман солим буда, мақсади асосиаш бо ин роҳ ба даст овардани маблағи муфт ва истеъмоли машрубот мебошад.
Вобаста ба ин, нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 479 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъин карда шуд.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ба чунин афроди мардумфиреб бовар накунанд ва ба ниёзмандони воқеӣ, ятимону бепарасторон кӯмак намоянд.
Раёсати ВКД дар ш.Душанбе