• Home »
  • ХАБАР »
  • 7-шабонарӯз ҳабси шавҳар: Оқибати муносибати носолими оиладорӣ
7-шабонарӯз ҳабси шавҳар: Оқибати муносибати носолими оиладорӣ

7-шабонарӯз ҳабси шавҳар: Оқибати муносибати носолими оиладорӣ

  Ҳамдигарфаҳмию эҳтиром ва риояи одобу ахлоқи оиладорӣ асоси бунёди оилаи солим ба шумор мераванд. Вале дар аксар маврид вуҷуд надоштани чунин омилҳо боиси парокандашавии оилаҳо ва сар занади ҳодисаю воқеаҳои фалокатбор мегардад.
  Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, муроҷиати электронии шаҳрванд Рухшона Раҳматуллоева, ки аз шиканҷаву бадрафтории шавҳараш шикоят намуд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар натиҷаи санҷиши муроҷиати мазкур, шавҳари номбурда, шаҳрванд Раҳматуллоев Умед Ахмедович, санаи таваллудаш 10.03.1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ дастгир карда шуд.
  Зимни санҷиши холисонаву ҳамаҷониба, пурсиши гумонбару ҷабрдида ва шоҳидони ҳодиса муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат муддатест дар муносибатҳои оиладории номбурдагон нофаҳмӣ ҷой доштааст.
  Вобаста ба ин, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт нисбати шаҳрванд Раҳматуллев Умед протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Шоҳмансур нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин карда шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin