• Home »
  • ХАБАР »
  • Риояи одобу ахлоқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳатмист!
Риояи одобу ахлоқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳатмист!

Риояи одобу ахлоқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳатмист!

  Шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба таври маҷозӣ ҳамчун макони ҷамъиятӣ шинохта мешаванд, доираи талабот ва одобу ахлоқи худро дошта, ҳар як нафар истифодабарандаи онро мебояд чунин талаботро ба таври ҳатмӣ риоя намояд.
  Дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шаҳрванд Муҳаммадиева Ҳусноро Шуҳратовна, санаи таваллудаш 06.08.1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм саҳифаи шахсии худро таъсис дода, бо мақсади зиёд намудани шумораи обуначиёни худ мунтазам расм ва наворҳои нимурёну гайриахлоқии худро нашр намудааст. Воқеан чунин амали ношоиста, ки берун аз одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва дур аз оини миллист, ба зеҳну ахлоқи наврасон таъсири манфии худро мерасонад.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Муҳаммадиева Ҳусноро маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба Суд ирсол карда шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin