Муроҷиатнома ба ронандагони воситаҳои нақлиёт!!!

Муроҷиатнома ба ронандагони воситаҳои нақлиёт!!!

  Риояи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ нишондиҳандаи сатҳи одобу ахлоқи ҳар як нафар иштирокчии ҳаракат дар роҳ ба шумор меравад. Дар ин замина нигоҳ доштани назму тартибот аз масъулиятнокии ҳар як нафар шаҳрванд вобастагии калон дорад.
  Мутаассифона ҳама рӯза зимни фаъолияти корӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳолатҳои зиёди қоидавайронкуниҳои гуногуни ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта мешаванд, ки ҳамаи онҳо боиси беназмӣ дар роҳҳо мегарданд.
  Насби таҷҳизоти иловагии садодиҳандаву равшанидиҳанда, яхлухт бо плёнкаи сиёҳ рӯйпуш намудани оинаи пеши воситаи нақлиёт, дар ҳолати мастӣ идора намудан ва таваққуфи нодурусту дар қатори дуюму сеюм гузоштани воситаи нақлиёт, ки боиси тамбашавии сунъии роҳҳо мегарданд, аз қабили қоидавайронкуниҳоест, ки ҳама рӯза ба чашм мерасанд.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш ва талаб менамояд, ки Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намуда, бо амалу рафтори худ боиси беназмӣ дар роҳҳои нақлиётгарди пойтахт ва косташавии ҳусни Душанбешаҳр нагарданд.!

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin